Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазир баъд аз бохт аз раҳбарии ҳизб рафт


Нахуствазир Сократес аз раҳбарии ҳизбаш истеъфо дод
Нахуствазир Сократес аз раҳбарии ҳизбаш истеъфо дод
Дар Португалия Ҳизби Сотсиалист, ки шаш соли ахир дар сари қудрат қарор дошт, интихоботи сартосариро бохт. Интихбот замоне баргузор шуд, ки ин кишвар бӯҳрони иқтисодиро аз сар мегузаронад. Натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи рӯзи якшанбе нишон медиҳад, ки ҳизби рости марказгаро, яъне Ҳизби Сотсиал-Демократ бо 39 дарсади оро дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Ҳизби чапи марказгарои Сотсиалист ба раҳбарии нахуствазир 28 дарсад рай гирифтааства мақоми дуввум қарор дорад. Порламони Португалия аз 230 курсӣ иборат аст ва Ҳизби Сотсиал-Демократ акнун метавонад дар эътилоф бо ҳизбҳои дигар ҳукумати нави ин кишварро ташкил кунад. Баъд аз рӯшан шудани натиҷаҳои интихобот нахуствазир Хосе Сократес истеъфои худро аз раҳбарии Ҳизби Сотсиалист эълон кард.
XS
SM
MD
LG