Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар марзи миёни Сурияву Исроил 20 нафар кушта шуданд


Нируҳои Исроил барои пароканда сохтани тазоҳуркунандагон, ки талош доштанд, дар минтақаи зери назорати Исроил дар баландиҳои Ҷавлон аз хоки Сурия вориди хоки Исроил шаванд, оташ кушоданд. Телевизиони давлатии Сурия гузориш дод, ки дар ин тирандозӣ 20 тазоҳуркунанда кушта, беш аз 300 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, дар назди марз тазоҳуроти нишасти бепоён эълон шудааст ва ҳазорон нафари дигар дар роҳ будаанд. Исроил дар бораи кушташудагон ва захмиҳо билофосила тавзеҳот надод, вале мақомоти Сурияро барои чунин тазоҳурот гунаҳгор медонад.
XS
SM
MD
LG