Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 24 нафар кушта шуданд


Дар шимоли ғарби Покистон дар ду инфиҷори алоҳидаи бам дастикам 24 нафар кушта шудаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар бораи куштори як мақоми Ал Қоида гузориш пахш шуда буд. Ба гуфтаи полис, дар инфиҷори Навшера дар назди новойхонаи як воҳиди низомӣ 18 нафар кушта, 30 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. Чанд соат қабл аз ин инфиҷор дар Матни Бозор дар 20 километрии шаҳри Пешовар автобуси бамгузоришуда мунфаҷир шуд. 6 нафар ба қатл расиданд ва 12 нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG