Пайвандҳои дастрасӣ

Аз назари мунаққидон, бо гузашти даҳ сол аз шурӯи муборизаи зидди террор дар Афғонистон, ки аз суқути режими Толибон дар сентябри соли 2001 шурӯъ шуд, то имрӯз вазъи ин кишвар аз лиҳози амниятӣ беҳбуд наёфтааст.

Бархе таҳлилгарон, мисли сиёсатшиноси покистонӣ Аҳмад Рашид, мегӯянд, яке аз иштибоҳҳои азими стратегияи Амрико дар Афғонистон ин буд, ки бо амри ворид шудан ба хоки ин кишвар бештар болои масоили амниятӣ ва муборизаи зидди шӯришиён тамаркуз кард ва аз оғоз барномаҳои рушд ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ин кишварро ҳадаф қарор надод.

Адами ҳамоҳангии қавӣ дар миёни нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ, ваъдахилофиҳои бархе донорҳои Афғонистон дар амри кӯмак ба ин кишвар боис ба ноком шудани барномаҳои зиёд гардида, ҳоло ин кишвар дар ҳолати аз гузашта бештар пурхатар қарор дорад.

Саъдь Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик
Мизони парвариш ва қочоқи маводи мухаддир боло рафта, нуфузи Толибон дар манотиқ бештар назар ба ҳукумат ва ғарб аст, мегӯянд таҳлилгарон.

Илова ба ин, ҳукумати Ҳомиди Карзай, ки дар ҳалли масъалаи ҷангсолорон ва мубориза бо ришват ноком шудааст, дар як бунбасти сиёсӣ қарор дорад, ки боз ҳам ба мушкилоти ин кишвари ҷангзада меафзояд.

Оё воқеан ҳам зарурате барои бознигарӣ шудани стратегияи Ғарб дар қиболи Афғонистон вуҷуд дорад? Ин саволест, ки посухашро аз таҳлилгари тоҷик, Саъдӣ Юсуфӣ пурсидем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG