Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо дабири Шӯрои Аврупо


Нишасти хабарии муштарак

Нишасти хабарии муштарак

Раҳбари Тоҷикистон сафараш ба Аврупоро аз мулоқот бо Тйорбён Ягланд, дабири кулли Шӯрои Аврупо оғоз кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, дар ин мулоқот масоили рушди демократия ва риояти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Дар баёнияи муштараки ду тараф омадааст, масоили ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ, бунёди ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон, муқобила бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ҷиноятҳои интернетӣ низ баррасӣ шудаанд.

ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН АРЗЁБӢ МЕШАВАД

Дар ин нишаст масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Аҳдномаи ҳифзи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ низ баҳс шуда ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Конвенсияи Шӯрои Аврупо оид ба эътирофи дипломҳои маълумоти олӣ дар Аврупоро имзо кардааст, ки бар асоси он 50
Ҳаноми гуфтушунид

ширкаткунандаи ин созиш ӯҳдадоранд, то дипломҳои кишварҳои сеюмро эътироф намоянд.

Дар ҷараёни сафар, Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳе аз мақомоти баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд ва қарор аст ӯ ҳамин рӯз дар Кумитаи равобити хориҷии Парлумони Аврупо ва зеркумитаи ҳуқуқи инсони он бо вакилони аврупоӣ дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон табодули назар кунад.

ТОҶИКИСТОН -- КИШВАРЕ НООРОМ?

Дар як санади дохилии Порлумони Аврупо, ки барои вакилони он вазъи Тоҷикистон тасвир кардаанд, омадааст, Тоҷикистон, кишвари фақирест, ки батакрор ба он бӯҳрони норасоии маводи ғизоӣ ва энержӣ таҳдид мекунад, бад идора мешавад, ба фасод олуда аст ва захмҳои ҷанги шаҳрвандиаш аз солҳои 90-ум шифо наёфтааст.

Ба гуфтаи муаллифони ин санад, Тоҷикистон ҳоло як вазъи мушкил ва ниҳоят хатарноке дорад, таваҷҷӯҳи мардум ба мазҳаб афзоиш ёфта ва бо саркӯбии афзоянда рӯ ба рӯ шудаааст, ки ин метавонад, боиси тундгароӣ, авҷ гирифтани танишҳо ва эҳтимолан чолиши хушунатбор ба ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон шавад.

БАРРАСИИ МУНОСИБАТ БО ҲАМСОЯҲО

Дар идомаи ин санад, омадааст, бадтар шудани авзоъ дар шимоли Афғонистон ва ҷануби Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, хатари ноамнӣ дар кишварро афзуданд. Муносибати Тоҷикистон бо Ӯзбакистон, ки роҳи аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст, мушкил боқӣ мемонад. Дар ин санад омадааст, ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон умдатан ба кӯмакҳои башарӣ робита мегирад ва самаровар кардани он кӯмакҳо ҳамчунон як кори сахте боқӣ мемонад.

Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 7-уми июн ба шаҳри Вена меравад ва дар онҷо бо Ҳайнтс Фишер, раиси ҷумҳури федеролии Австрия низ дидору гуфтӯгу хоҳад дошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни ин сафар чанд қарордоди дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Австрия имзо хоҳад шуд.

РАҲМОН БА ТОҶИКИСТОН САРМОЯ ҶАЛБ МЕКУНАД

Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми июн дар Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ дар Вена суханронӣ

кунад. Як рӯз баъд аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба Люксембург меравад ва дар онҷо бо Жан Клод Яанкар, нахуствазир ва дигар мақомоти олирутба гуфтугӯ хоҳад дошт ва сипас дар як ҳамоиши иқтисодӣ соҳибкорони аврупоиро ба сармогузорӣ дар Тоҷикистон ташвиқ хоҳад кард.

Дар идомаи сафар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки Сармоягузории Аврупо доир ба маблағгузории ин ниҳод ба барномаҳои энержии Тоҷикистон гуфтӯгу хоҳад кард. Интизор меравад, дар инҷо низ як санади қарзи 21 миллионевроӣ барои Тоҷикистон имзо шавад, ки ин маблағ барои тармими шабакаҳои тақсими барқи вилояти Суғд харҷ хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон боздидаш аз Аврупоро баъди сафар бо Маҷористон ва мулоқот бо раиси ҷумҳури он ба поён мерасонад. Интизор меравад, чанд созишнома миёни ду тараф ба имзо бирасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG