Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои қарордоди нави газии Ироқ бо Туркия, Кувайт ва Кореяи Ҷанубӣ


Ироқ имрӯз ду қарордоди азими газӣ бо Туркия, Кувайт ва Кореяи Ҷанубиро имзо кард. Қарордоди мазкур коркарди кони Мансурияро дар шарқи Ироқ дар назар мегирад, ки дар он бовар меравад 466 триллион метри губӣ захираҳои газ маҳфуз аст. Қарордоди дигар марбут ба коркарди кони гази Сибо аст, ки беш аз як триллион метри кубӣ захираи газ дорад. Вазир нафти Ироқ Абдулкарим Ал-Луобӣ аз имзои ин созишнома ба унвони “оғози тозае дар саноати нафти кишвар” истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG