Пайвандҳои дастрасӣ

Мири Маскав гуфт, "бояд квотаи муҳоҷирон афзоиш ёбад."


Cергей Собянин, шаҳрдори Маскав

Cергей Собянин, шаҳрдори Маскав

Мири шаҳри Маскав дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт, “квотаи муҳоҷирони корие, ки аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ меоянд, бояд на коҳиш, балки афзоиш ёбанд, то ҳама дар қайди расмии давлатӣ бошанд.”

Сергей Собянин гуфт, ба андешаи ӯ, мизони квотаи муҳоҷирон дар Маскав, ки 200 ҳазор нафар дар солро ташкил медиҳад, бояд афзоиш ёбад.

“Дар гузашта ин квота 500 ҳазор нафарро ташкил медод. Онҳо пули бима ва ё молиёт намесупоранд, танҳо илоҷи кор, афзоиши квотаҳо ва сабти номи муҳоҷирон аст”,-гуфт ӯ.

Ба андешаи фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав, духтури тоҷик Абдулло Давлатов, изҳороти Собянинро мешавад чун як такони ҷиддие дар мавриди бештар кардани имконияти кору зисти муҳоҷирон дар Русия арзёбӣ кард.



Абдулло Давлатов
Дар сатҳи мақомоти Русия муддатҳо пеш даъватҳо барои бознигарӣ шудани сиёсати квота нисбат ба муҳоҷирони кории кишварҳои муштаракулманофеъ садо медиҳад.

Моҳи гузашта дар ин замина Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия низ сӯҳбат карда пешниҳод намуд, ки аз эҷоди квотаҳо барои ҷалби нерӯи кори хориҷӣ ва хатти муҷаввиз барои иқомати муваққат дар Русия даст бикашанд.

Бино ба ҳисоби Мактаби олии иқтисодӣ, зарфияти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ барои таъмини бозори ба нерӯи корӣ ташнаи Русия кофӣ нест ва шумори муҳоҷирон аз Узбакистон то соли 2020 ҳадди аксар 4 миллион ва аз Тоҷикистон 1,6 миллион нафар хоҳад шуд.

Дар чунин шароит, ба бовари ин ниҳод, Русия мулзам аст нерӯи лозими кориро аз кишварҳои дуртаре ҷалб кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG