Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи Узбакистон ба СММ дар мавриди истифода аз захоири оби минтақа


Узбакистон бо ирсоли як нома ба СММ гуфтааст, аз захоири оби рӯдхонаҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ бояд ончунон истифода шавад, ки газанде ба кишварҳои дигари минтақа нарасад. Ин номаи Узбакистон дар мақари СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба унвони санади расмӣ паҳн шудааст. Чунин баёнияи Узбакистон ба дунболи сафари дурӯзаи узви Парлумони Аврупо, Страун Стивенсон садо медиҳад, ки рӯзи якуми июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омада, пуштибонияш аз тарҳи нерӯгоҳи Роғунро баён карда буд. Тарҳе, ки аз соли 2004 ба ин ҷониб мояи ихтилофи Тошканду Душанбе шудааст. Ҷаноби Стивенсон дар мулоқот бо мақомоти аршади Тоҷикистон таъкид кард, ки Ғарб дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз Тоҷикистон ҳимоят хоҳад кард. Бархе аз соҳибназарон пуштибонии Ғарб аз тарҳи нерӯгоҳи Роғунро “пирӯзӣ”-и Тоҷикистон дар “ҷанги дипломатӣ”-и миёни Тошканду Душанбе медонанд. Вале бо ин ҳол, ихтилофи ду кишвари ҳамсоя бар сари нерӯгоҳи Роғун, ки он ҳам ба истифода аз захираҳои оби минтақа рабт мегирад, хотима наёфтааст.
XS
SM
MD
LG