Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Солеҳ тарки кишвар кардани президентро дар маркази Санъо таҷлил мекунанд


Солеҳ 33 соли охир сари қудрат аст

Солеҳ 33 соли охир сари қудрат аст

Дар Санъо мухолифони раиси ҷумҳурии Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бо шунидани хабари ба муолиҷаи ҷароҳатҳояш ба Саъудия рафтани президент бо нияти таҷлил аз ин хабар дар майдони Тағйир ҷамъ мешаванд.

Рӯзи ҷумъа Солеҳ ҳамроҳ бо чанд мақоми баландпояи ҳукумат дар як ҳамлае болое масҷиди воқеъ дар қасри президентӣ маҷрӯҳ гардида, дасти кам ҳафт нафар аз ҳисоби муҳофизони президент кушта шуданд.

Солеҳ, ки 33 сол раҳбарии Яманро ба ӯҳда дорад, чаҳор моҳи охир бо фишорҳои бесобиқаи мардум ва мухолифин аз миёни қабилаҳои рақибаш рӯбарӯ шудааст, ки истеъфои ӯро талаб мекунанд. Марде, ки аз шунидани хабари тарки кишвар кардани Солеҳ хушҳолиашро пинҳон намекард, гуфт:


“Ин як фоҷеа аст ва ман хушбахтам, ки ӯ кишварро тарк мекунад, чунки коре, ки ӯ дар Таиз кард, қатли ом буд. Вай як қотил аст. Ин як муҷозоти ӯст. Ҳоло баъди рафтани ӯ вазъи кишвар беҳтар мешавад”.

Ҳудудан 40 % сокинони Яман бо камтар аз ду доллар дар рӯз зиндагӣ мекунанд ва ин кишвар аз нодортарин давлатҳо дар ҷаҳони Араб шинохта мешавад. Дар паи эътирозҳои чандинмоҳа, баъзе аз манотиқи Яман аз зери назорати Солеҳ берун шудаанд. Аз назари таҳлилгарон, аз хоки кишвар берун шудани президент метавонад давлатро ба вартаи бебандубории бештар бикашонад.
XS
SM
MD
LG