Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди полис бо эътирози зидди фасод дар Ҳинд


Имрӯз баъди ҳамлаи полис бо гази ашковар ба ширкатдорони эътирози зиддифасод, тахминан 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин маъракаи гуруснанишиниро як рӯҳонии бонуфуз Свами Бобо Рамдев ба хотири қабул шудани пешниҳодҳои ӯ оид ба мубориза бо фасоду ришват дар сохторҳои давлатӣ ташкил кардааст.

Вай рӯзи шанбе дар дохили як хаймаи бузурге дар Деҳлии Нав даст ба эътироз зада, ҳамчунин шумори зиёди тарафдоронро ҳам ба ин ташаббуси худ ҷалб кард. Ҳадафи ӯ фишор болои ҳизби ҳокими Конгресс аст, ки муҷозоти вазирони ришвахорро шадидтар кунад. Вай тақозо дорад, ки пулҳои дар ҳисобҳои хориҷии бонкӣ будаи мақомот ба кишвар баргардонида шуда, вазирони ришвахор ба ҳукми марг маҳкум шаванд.
XS
SM
MD
LG