Пайвандҳои дастрасӣ

Истихбороти Покистон куштори Кашмириро таъйид мекунад


Як мақоми истихбороти Покистон гуфт, ки рӯзи 3 июл дар паи ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бидуни халабони амрикоӣ дар минтақаи Вазиристони Ҷанубӣ нафаре бо исми Илёс Кашмирӣ, аз ҷангиёни баландпояи Покистон кушта шуд. Бовар меравад, ки ӯ дар минтақаи Гвахваи ҷануби Покистон нобуд шудааст. Ҷангии 47-сола яке аз панҷ нафари мавриди ҷустуҷӯи Покистон аст, ки ҳанӯз сентябри соли 2009 хабари мурдаи ӯ аввалин бор ба таври иштибоҳӣ ба матубот роҳ ёфта буд. Ҳанӯз дар робита бо ин хабар на мақомоти Покистон ва на ИМА вокуниш нишон надодаанд. Ӯро масъули анҷоми як қатор ҳамлаҳои террористӣ дар хоки Покистон мегӯянд.
XS
SM
MD
LG