Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон тафтиши фаъолияти ширкати “Мовароуннаҳр”-ро ба поён расонд.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо радиои "Озодӣ" таъйид кард, ки парвандаи ҷиноии ин ширкат баррасӣ шуда, барои таъйиди иттиҳом ба Додситонии кулли кишвар фиристода шудааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон
"Ин парванда дар истеҳсолоти Додситонии кулл аст. Тафтишот махфист. Мо бар асоси номаи додситонӣ санҷиши фаъолияти молии ин ширкатро доир намудем. Натиҷаи ин санҷишро ба худи онҳо пешниҳод кардем",-афзуд ӯ.

Раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар мавриди хулосаҳои бозрасони ин идора нахост маълумот диҳад. Вай гуфт, ки натиҷаи бозрасии Оҷонсӣ сирри тафтишот ба ҳисоб меравад ва ӯ наметавонад онро ошкор кунад, дар ҳоле ки тафтиши ин қазия ҳоло идома дорад.



Ин дар ҳолест, ки Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Ҷӯрабек Охунов -- раиси ширкати "Мовароуннаҳр" аз таъйид нашудани бархе аз иттиҳомоти муқаддамотӣ нисбат ба раиси ин ширкат хабар додааст. Ҷаноби Қудратов бо такя ба натиҷаҳои ин бозрасӣ гуфтааст, ки “далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ба қайд гирифта нашудааст.”

Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати биносозии "Мовароуннаҳр", ки аз моҳи октябри соли 2010 ба ин сӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
Ҳамин манбаъ афзудааст, то замони боздошти раиси ширкати "Мовароуннаҳр" вай тавонистааст бо ҷалби маблағи муштариҳо ба маблағи 135 миллион сомонӣ манзили маскунӣ бунёд кунад. Ба таъйиди ҳамин манбаъ аз ин ҳисоб 108 миллион сомонӣ саҳми муштарӣ ва бақия сармояи худи раиси ширкат аст.

Дар ҳоле ки мақомот раиси ширкати "Мовароуннаҳр"-ро дар дуздии амвол муттаҳам мекунанд, Ҷӯрабек Охунов -- раиси ин ширкат борҳо тавассути расонаҳо изҳор доршт, ки ширкати ӯ ҳеҷ гуна мушкили молӣ надошт. Аммо бархе аз муштариёни ин ширкат эътироф мекарданд, ки ширкат шартҳои худ дар назди саҳҳомон, яъне онҳоеро, ки барои бунёди манзил пешпардохт кардаанд на ҳамеша риоят мекард.

Аммо бо ин ҳама мегӯянд коршиносон, ҳанӯз барвақт аст, ки гуфт сарвнавишти раиси ширкати "Мовароуннаҳр" ба ин зудӣ ҳал хоҳад шуд. Ҳамакнун Додситонии кулли Тоҷикистон аст, ки натоиҷи
Муштариёни ширкати "Мовароуннаҳр" барои ҳимояи манфиатҳои худ як кумита таъсис додаанд.

санҷиши Оҷонси мубориза бо фасодро таъйид ва ё такзиб мекунад ва сарнавишти раиси ширкат ва муштариёни вай аз натиҷаи кори ин ниҳод сахт вобастагӣ дорад.

Вале гунаҳкорӣ ва ё бегуноҳии нафарро танҳо додгоҳ метавонад муайян намояд. Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр”, дар моҳи ноябри соли 2010 ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда ва то ҳол дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Дар ҳамин ҳол, афроде, ки барои сохтмони манзил ба ширкати "Мовароуннаҳр" маблағ додаанд, мегӯянд, ки ҳудуди 8 моҳ боз дар роҳ ба сӯи ширкат ва идораҳои давлатӣ сарсон мондаанд.

Бархе аз ин афрод аз сад ҳазор доллар бештар ба ин ширкат сармоя гузоштаанд. Аз ин ҷиҳат ба хотири ҳимояи манфиатҳои худ ва пешгирӣ аз ба яғмо рафтани дороии ширкат муштариҳои он кумитаи худро таъсис додаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG