Пайвандҳои дастрасӣ

Собянин: "Шояд квотаҳои муҳоҷирони корӣ афзоиш ёбад"


Мири шаҳри Маскав дар мулоқоти хабарнигорон гуфт, ки “квотаҳои муҳоҷирони корие, ки аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ меоянд, на коҳиш, балки афзоиш ёбанд, то ки ҳама дар қайди расмии давлатӣ бошанд”.

Сергей Собянин
гуфт, ки ба андешаи ӯ, мизони квотаи муҳоҷирон дар Маскав, ки 200 ҳазор нафар дар солро ташкил медиҳад, бояд афзоиш ёбад. “Дар гузашта ин квота 500 ҳазор нафарро ташкил медод”, гуфт ӯ. “Онҳо пули бима ва ё молиёт намесупоранд, танҳо илоҷи кор, афзоиши квотаҳо ва сабти номи муҳоҷирот аст”.


Дар ин нишаст ӯ инчунин гуфт, ки Русия ният надорад дар хоки худ “геттои” муҳоҷирони хориҷиро ташкил кунад. “Бе ин ҳам дар баъзе манотиқи пойтахт шумори аҳолии ғайрирус то 25 дар садро ташкил медиҳад”.
XS
SM
MD
LG