Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳурии Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ барои муолиҷаи ҷароҳатҳои дар паи як сӯиқасд бардоштааш ба Арабистони Саъудӣ рафт. Дар як ҳамлае болое масҷиди воқеъ дар қасри президентӣ рӯзи ҷумъа, ӯву чанд мақоми баландпояи ҳукумат маҷрӯҳ гардида, дасти кам ҳафт нафар аз ҳисоби муҳофизони президент кушта шуданд.

Солеҳ, ки 33 сол раҳбарии Яманро ба ӯҳда дорад, чаҳор моҳи охир бо фишорҳои бесобиқаи мардум ва мухолифин аз миёни қабилаҳои рақибаш рӯбарӯ шудааст, ки истеъфои ӯро талаб мекунанд. Ҳудудан 40 % сокинони Яман бо камтар аз ду доллар дар рӯз зиндагӣ мекунанд ва ин кишвар аз нодортарин давлатҳо дар ҷаҳони Араб шинохта мешавад.

Дар паи эътирозҳои чандинмоҳа, баъзе аз манотиқи Яман аз зери назорати Солеҳ берун шудаанд. Аз назари таҳлилгарон, аз хоки кишвар берун шудани президент метавонад давлатро ба вартаи бебандубории бештар бикашонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG