Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс: "Аз ҳалокати мардум дар Афғонистон андӯҳгинам"


Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс рӯзи шанбе дар Кобул гуфт, ки аз ҳалокати мардуми мулкӣ дар Афғонистон амиқан андӯҳгин аст, вале ҳоло барвақт аст, ки стратегияи Афғонистон тағйир ёбад. Зимни сӯҳбат дар як нишасти матбуотии муштарак бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомид Карзай дар Кобул вай гуфт, ки дар тасмими берункашии нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ “шитобе” нахоҳад буд, вале “ӯҳдадориҳо беохир буда наметавонанд”. Вай гуфт, ки нирӯҳои амниятӣ бояд мутақоид шаванд, ки ҷараёни интиқоли назорати амниятӣ дар кишвар дар фазои амн сурат мегирад. Баъди чаҳор соли раҳбарии вазорати дифои Амрико ӯ бо сафари хушбошӣ ба Афғонистон рафтааст. Охири ин моҳ рисолатҳои ӯ ба анҷом мерасанд. Гейтс дар идомаи боздидаш аз Афғонистон бояд бо 90 ҳазор сарбозони амрикоиии мустақар дар ин кишвар дидору мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG