Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз табдили амалиёти НАТО ҳушдор медиҳад


Дипломати аршади Русия ҳушдор медиҳад, ки ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои НАТО дар Либия тадриҷан ба як амалиёти заминӣ табдил мешавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, ки амалиёти заминӣ метавонад паёмадҳои баде дар пай дошта бошад.

Изҳороти ӯ дар посух ба хабари НАТО пахш шуд, ки мегӯяд, аз рӯзи шанбе дар амалиёти Либия аз чархболҳо истифода мекунад. НАТО мегӯяд, ки аз рӯи харитаи мушаххас чархболҳо - мошинҳои низомӣ, васоили ҳарбӣ ва маҳалли таҷаммӯи нирӯҳои Либияро ҳадаф қарор медиҳанд.

НАТО мегӯяд, ки истифода аз чархболҳо мубориза зидди нирӯҳои тарафдори Қаззофиро осонтар мекунад.
XS
SM
MD
LG