Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳо: Яке аз раҳбарони Ал-Қоидаи Покистон кушта шуд


Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дунболи таъйиди хабаре ҳастанд, ки мегӯяд, дар паи як ҳамлаи мушакӣ яке аз раҳбарони баландпояи Ал-Қоида дар Покистон кушта шудааст.

Бар тибқи хабарҳо, дар паи ҳамлаи мушакии болои манзиле воқеъ дар рустои Говахаи канори шаҳри Вано, ки дар Вазиристони Ҷанубӣ воқеъ аст, нафаре бо исми Илёси Кашмирӣ кушта шуд. Кашмириро яке аз панҷ ҷангии фавқулодда хатарноки мавриди ҷустуҷӯ дар Покистон ном мебаранд.

Ӯ масъули бомбгузориҳои шадид болои ҳадафҳои ғарбӣ ва амниятӣ аст. Мақомоти Ҳинд мегӯяд, ки вай дар ҳодисаи куштори 160 нафар дар соли 2008-и Мумбай даст дорад.
XS
SM
MD
LG