Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як таркиши донишгоҳи Қандаҳор ду донишҷӯ кушта шуданд. Раиси полис генерал Абдураззоқ гуфт, ки таркиш дар наздикии факултаи муҳандисӣ рух дод. Ӯ гуфт, ки яке аз қурбониҳо ба ҳайси муншии полис ҳам кор мекардааст. Қандаҳор маҳалли Толибон ба ҳисоб меравад ва дар ҳафтаҳои охир шоҳиди хушунатҳои зиёд шудааст. Дар хабари дигар, НАТО мегӯяд, ки чаҳор узви нирӯҳои байналмилалии посдори сул бар асари таркиши бомба дар шарқи Афғонистон кушта шуданд. Тафсилоти бештар аз ин дар даст нест.
XS
SM
MD
LG