Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи рӯҳонии бонуфуз зидди ришват дар Ҳинд


Як рӯҳонии мӯътабари ҳинду даст ба гуруснанишинӣ зада мехоҳад ҳукуматро водор кунад, ки пешниҳодҳои зиддифасоди ӯро қабул кунад.

Свами Бобо Рамдев, ки бо барномаҳои пуртарафдори телевизионии йогааш маъруф аст, ба қатл маҳкум кардани вазирони ришвахорро талаб мекунад.

Вай инчунин тақозо дорад, ки мақомот сармояҳои худро аз бонкҳои хориҷӣ ба ватан баргардонанд, чунки ба гуфтаи ӯ, ин пулҳо аз ҳисоби ришват ва фасод ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар ҷомеаи Ҳинд нигарониҳо аз афзоиши фасоду ришват боло мегиранд. Ахиран дар паи моҷарое дар соҳаи мухобирот, ки 39 миллиард доллари ришваро рӯи об баровард, як вазир ба ҳабс гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG