Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси поёнии Амрико президент Барак Обамаро интиқод кард, ки бидуни мувофиқати Конгресс ба амалиёти низомии зидди Либия шурӯъ кард.

Дар қатъномаи Маҷлиси намояндагони Конгресс Обама барои он интиқод мешавад, ки бидуни тавзеҳи асоснок ба шурӯи амалиёти Либия амр додааст.

Ба президент 14 рӯз мӯҳлат дода шуда, ки дар бораи ҳадафҳо, харҷу хароҷот, таъсири амалиёти Либия ба ду ҷанги дигар дар Ироқ ва Афғонистон тавзеҳ бидиҳад. Қатъномаи мазкур хусусияти ҳатмӣ надорад.
XS
SM
MD
LG