Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс гуфт, ки ҳузури низомии Амрико дар Осиё тақвият меёбад


Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико мегӯяд, ки низомиёни кишвараш дар саросари Осиё бо силоҳҳои навтарин ҳузури худро мустаҳкамтар хоҳанд кард, то ки амнияти шарикон ва роҳҳои интиқоли борҳо таъмин шавад.

Гейтс инчунин гуфт, ки ИМА ният дорад барои муқобила бо паёмадҳои тсунамии офатбори моҳи марти Ҷопон аз пеш бору муҳимоти кӯмакрасонро интиқол диҳад.

Ба назар мерасад, изҳороти Гейтс ба унвони пуштибонӣ аз муттафиқони Амрико садо дод, ки аз ҳузури афзояндаи низомии Чин дар минтақа ташвиш доранд. Ин сафари охирини Роберт Гейтс ба Осиё дар мақоми вазири дифои ИМА маҳсуб мешавад. Баъди чаҳор соли раҳбарии вазорати дифоъ, ӯ қарор аст дар охири моҳи июн аз вазифа канор равад.
XS
SM
MD
LG