Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Филми нави Ал-Қоида ба ҷиҳод дар хоки хориҷӣ даъват мекунад


Ал-Қоида филми видеоии 100-дақиқаинаро нашр кард, ки эҳтимолан баъди кушта шудани Усома Бин Лоден гирифта шуда, ба ҷиҳод дар хоки душман даъват мекунад.

Дар изҳороти созмони амрикоии SITE Monitoring Service омадааст, ки дар миёни қаҳрамонҳои ин филми иборат аз ду бахш, намояндагони аршади ин шабакаи террористӣ, мисли Аймон Аззавоҳирӣ, нафари дуюм дар Ал-Қоида суханронӣ мекунанд.

Яке дигар аз аъзои ин созмон Одам Қадани мусламон, ки дар Амрико ба воя расидааст, мегӯяд, мусалмонҳое, ки дар Ғарб ба сар мебаранд, “метавонанд нақши ҳалкунандаро дар мубориза зидди сайҳунизм ва аҳли Салиб” бозӣ кунанд. Навори видеоии зери номи “Масъулияти шумо танҳо дар дӯши шумост” аз ҷониби хадамоти телевизионии “Ассабоҳ”-и вобаста ба Ал-Қоида наворбардорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG