Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба ҳадафҳояш дар Либия бо чархболҳо ҳамла мекунад


Имрӯз НАТО барои нахустин бор ҳамлаҳои худро болои Либия бо чархболҳои низомӣ пиёда кард. Дар ин бора дар як изҳороти расмии ин паймони низомӣ хабар дода шудааст. НАТО мегӯяд, ки аз рӯи харитаи мушаххас мавриди ҳамлаи чархболҳо мошинҳои низомӣ, васоили ҳарбӣ ва маҳалли таҷаммӯи нирӯҳои Либия қарор мегиранд. НАТО мегӯяд, ки истифода аз чархболҳо мубориза зидди нирӯҳои тарафдори Қаззофиро осонтар мекунад.
XS
SM
MD
LG