Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 медали паҳлавонони тоҷик дар Тошканд


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбои варзишӣ дар пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд 12 медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон Фурқат Назриев дар вазни то 90 кг бо медали тилло мукофотонида шуд. Акмалиддин Каримов дар вазни то 52 кг медали нуқра гирифт. Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар сабқати занон Дилбархон Султонова, Муҳаббат Надирматова ва Насиба Алиматова бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати ҷавонон Сайёд Шайхов дар вазни то 74 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Зайналобуддини Аъзамхон дар вазни то 82 кг барандаи медали нуқра шуд.

Боз чаҳор нафари дигар – Бегиҷон Ҳалимов (то 48 кг), Сӯҳроб Мӯъминов (то 52 кг), Нозимҷон Охиров (то 57 кг) ва Умед Раҳматуллоев (то 60 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Узбакистон оид ба самбои варзишӣ миёни наврасон ва ҳамчунин, аз рӯи самбои размӣ ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG