Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 3-юми июн бозиҳои даври 13-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Ду бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва се бозӣ бо ғалабаи меҳмонон поён ёфт.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Фозил Сатторов ду гол, Эраҷ Холов, Маъруф Рустамов ва Зокир Абдулхайров якголӣ заданд.
Дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 26 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 25 имтиёз дар ҷои дуввум аст...


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими мизбон - “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад. Се голи “Истиқлол”-ро капитани даста Юсуф Рабиев ба самар расонд.

Инчунин баъди зарбаи Юсуф тӯб ба пои Исфандиёр Зуҳуров, бозигари “Гвардия”, бархӯрд ва вориди дарвоза шуд (автогол). Голи панҷуми “Истиқлол”-ро Фарҳод Тоҳиров зад. Голҳои “Гвардия”-ро Озар Ғафуров ва Исфандиёри Маҳмадалӣ ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ аз тими меҳмон - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ҷамшед Исмоилов ду гол ва Сӯҳроб Эгамбердиев як гол заданд.

ССКА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ бозиро ба “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 бохт. Голҳои меҳмононро Расул Файзов, Аҳтам Назаров ва Габриэл Донто ва як голи мизбононро Далер Раҷабов аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Рустам Усмонов, капитани “Вахш”, дар дақиқаҳои аввали бозӣ ҳисобро боз кард. Тӯби дуввумро дар нимаи дуввуми дидор Аҳтам Ҳамроқулов аз ҷаримаи 11-метра ба тӯри дарвоза зад.

Дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 26 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 25 имтиёз дар ҷои дуввум аст. «Регар-ТадАЗ» низ 25 имтиёз ба даст овардааст ва бо дарназардошти таносуби тӯбҳо дар ҷои севум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) бо 8-голӣ дар ҷойи аввал мебошанд. Габриэл Донто (“Энергетик”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 7-голӣ ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) 6 гол задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Равшан"

12

8

2

2

23-8

26

2.

"Истиқлол"

9

8

1

0

24-5

25

3.

"Регар-ТадАЗ"

12

8

1

3

25-12

25

4.

"Хайр"

11

6

2

3

17-10

20

5.

"Энергетик"

12

6

1

5

19-19

19

6.

"Хуҷанд"

12

4

3

5

11-17

15

7.

Шодмон”

11

4

1

6

17-19

13

8.

ССКА “Помир”

12

4

1

7

18-21

13

9.

"Вахш"

12

4

0

8

12-15

12

10.

арвоз"

12

3

0

9

11-32

9

11.

вардия"

11

1

2

8

10-26

5


Даври 14-ум
6 июн (душанбе)


«Энергетик» - «Равшан»
«Шодмон» - ССКА «Помир»
«Истиқлол» - «Хайр»

7 июн (сешанбе)

«Парвоз» - «Гвардия»

Оғози бозиҳо – соати 17.30

Эзоҳ:
Бозии «Регар-ТадАЗ» - «Вахш» ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG