Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди бештари сарбозони ИМА аз Афғонистон хориҷ мешаванд


Интизор меравад ИМА теъдоди бештари сарбозонашро нисбат ба он чӣ интизор мерафт аз Афғонистон берун кунад.

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз шуморе аз мақомоти пешин ва кунунии амрикоӣ гузориш додааст, ки раиси ҷумҳур Обама хуруҷи ҳадди ақалл 10 ҳазор сарбози амрикоӣ аз Афғонистонро дар ҷараёни имсол эълон хоҳад кард.

Аммо ба навиштаи Ройтерз аз он ҷо, ки пас аз тақрибан 10 соли ҷанг, хушунатҳо дубора дар Афғонистон авҷ гирифтаанд, интизор меравад танҳо камтар аз 5 ҳазор сарбози амрикоӣ аз Афғонистон берун шаванд.
То кунун раиси ҷумҳури Амрико дар бораи теъдоди сарбозоне, ки бояд имсол Афғонистонро тарк гӯянд тасмим нагирифтааст ва дар ин замина аз сӯи вазорати дифои кишвараш низ пешниҳоде дарёфт накардааст.

Интизор меравад генерал Давид Петреус, фармондеҳи умумии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон, дар ҳафтаи оянда пешниҳодеро ба вазорати дифои Амрико ироа кунад.
Аммо мақомоти амрикоӣ акнун дар бораи теъдоди дақиқи сарбозони амрикоӣ, ки мумкин дар ҷараёни имсол Афғонистонро тарк кунанд, чизе намегӯянд.

Барак Обама, ки дар соли 2009 пас аз бознигарӣ ба стратегияи Амрико, 30 ҳазор сарбози изофӣ ба Афғонистон фиристод, бояд дар миёнаҳо ва ё авохири моҳи июн ба амрикоиҳо бигӯяд, ки бар асоси чӣ нақшае сарбозони амрикоиро аз Афғонистон берун хоҳад кард.

Як мақоми пешини вазорати дифои Амрико ба Ройтерз гуфтааст, хуруҷи 15 ҳазор сарбоз мумкин аст ба нигарониҳои сиёсӣ ва низомӣ дар Амрико посух диҳад. Ба бовари ӯ, хуруҷи ин теъдод сарбозон ба талошҳои зидди шӯриш дар Афғонистон низ осеб нахоҳад расонд.

Акнун, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар пеш аст ва Барак Обама мехоҳад барои бори дуввум баранда шавад, тасмимгирии вай дар бораи хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон барояш хеле муҳим пиндошта мешавад. Қасри Сафед ба ин хотир ҳам алоқаманди хуруҷи теъдоди сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон аст, зеро Обама зери фишори ҷумҳурихоҳон қарор дорад то масорифи ҳукуматашро коҳиш диҳад.

Мухолифатҳо бо ҷанги Афғонистон акнун дар ҳар ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократ мушоҳида мешавад, зеро ҳазинаи ин ҷанг солона ба 110 миллиард доллар мерасад.

Аммо ба навиштаи Ройтерз, коршиносони бовар доранд, ки хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон, нерӯҳои амниятии афғонро тазъиф хоҳад кард ва Толибонро нерӯмандтар хоҳад сохт. Гарчи вазорати хориҷаи Амрико талошҳои ин кишвар ба хотири мусолиҳа байни ҳукумати Афғонистон ва мухолифони мусаллаҳашро раҳбарӣ мекунад, аммо тасаввур намешавад, ки ин музокирот ба зудӣ натиҷа бидиҳад.

Ба навиштаи хабаргузории Ройтерз, ҳатто афроди хеле хушбин ҳам ба ин боваранд, ки барои расидан ба як тавофуқномаи сулҳ дарАфғонистон, ба чандин сол вақт ниёз аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG