Пайвандҳои дастрасӣ

Гузоришҳои зиддунақиз дар бораи вазъи Солеҳ


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ

Бино ба хабарҳо, бар асари ба Кохи раёсатҷумҳурии Яман асобат кардани мушакҳо, раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва чанд мақоми дигари аршад, бо шумули сарвазир ва раиси парлумон, ҷароҳат бардоштаанд. Ин мушакҳо дар ҷараёни ҷангҳо дар хиёбонҳои пойтахт, Санъо, ба дафтари Солеҳ асобат кардаанд. Телевизиони мухолифин ҳатто аз кушта шудани Солеҳ хабар дод, вале мақомот инро радд карда, мегӯянд, ки ӯ фақат ҷароҳати сабук бардоштааст. Эътирозҳо бо талаби истеъфои Солеҳ, ки аз соли 1978 ба ин сӯ дар қудрат аст, аз моҳи январ ба ин сӯ идома дошта, дар ин муддат беш аз 350 кушта ба ҷо гузоштааст. Солеҳ ду дафъа роҳҳали буҳрони Яманро, ки аз сӯи Шӯрои ҳамкории халиҷ таҳия шуда, дар ивази истеъфо ба ӯ ҳаққи масуният медод, радд кард. .
XS
SM
MD
LG