Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба хабарҳо, бар асари ба Кохи раёсатҷумҳурии Яман асобат кардани мушакҳо, чанд мақоми аршади ин кишвар, бо шумули сарвазир ва раиси парлумонаш ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гузоришҳои расида, раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ низ ҷароҳати сабук бардоштааст. Эътирозҳо бо талаби истеъфои Солеҳ, ки аз соли 1978 ба ин сӯ бар ин кишвари фақиртарини нимқораи Араб ҳукумат меронад, аз моҳи январ ба ин сӯ идома дошта, дар ин авохир ба набардҳо байни нирӯҳои содиқ ба ӯ ва чирикиҳои қабоил печидааст. Солеҳ ду дафъа роҳкори ҳалли буҳрони Яманро, ки аз сӯи Шӯрои ҳамкории халиҷ таҳия шуда, дар ивази истеъфо ба ӯ ҳаққи масуният медод, радд кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG