Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммӯъи беш аз 50 000 дар Ҳамои Сурия


Эътирозҳои қаблӣ дар Ҳамо
Эътирозҳои қаблӣ дар Ҳамо
Ҳомиёни ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар шаҳри Ҳамо беш аз 50 000 нафар алайҳи давлат эътироз кардаанд. Нирӯҳои амниятӣ алайҳи онҳо ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Дар бораи кадом қурбонӣ дар Ҳумо ҳанӯз гузориш нашудааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба хабарҳо, нирӯҳои амниятии Сурия ба хотири пароканда кардани издиҳом дар Ҷасим, воқеъ дар наздикии Даръо, низ даст ба силоҳ бурдаанд. Ба гуфтаи фаъолон, амалиёти саркӯбии эътирозҳо феълан рӯи минтақаи Ҳумс тамаркуз кардаанд. Дар ин ҷо аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ дастикам 75 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG