Пайвандҳои дастрасӣ

Истифодаи нирӯ алайҳи эътирозҳои нав дар Баҳрайн


Майдони Лӯълӯ дар Манома- маркази эътирозҳои се моҳи пеш

Майдони Лӯълӯ дар Манома- маркази эътирозҳои се моҳи пеш

Хабарҳои расида аз қавли шоҳидон ҳокист, ки нирӯҳои амниятии Баҳрайн рӯзи ҷумъа дар Манома, пойтахти ин ҷазиракишвари халиҷи Форс, алайҳи тазоҳургарон аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурдаанд. Дар бораи қурбониҳо ҳанӯз гузориш нашудааст. Эътирози рӯзи ҷумъа ҳамагӣ ду рӯз баъд аз лағви вазъи изтирориест, ки ҳокимони суннии Баҳрайн моҳи март ба хотири фурӯ нишондани мавҷи эътирозҳои аксарияти шиъа ҷорӣ карданд. Тайи як моҳи эътирозҳои Баҳрайн дастикам 30 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG