Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯзи хабарнигорон бо зиндониён


Рӯзи 3-юми июн як гурӯҳи хабарнигорон барои нахустин бор аз ду зиндони воқеъ дар Душанбе дидан карданд.

Ин амр бо ибтикори Иззаттулоҳ Шарифов, раҳбари Раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон сурат гирифт.
Ба хабарнигорон иҷоза дода шуд, бо маҳбусоне, ки ба ҳалқаҳои мухталифи сиёсию ғайрисиёсии Тоҷикистон пайванд доранд, кушоду рӯшан мулоқот кунанд...


Дар пасманзари афзоиши танқиди вазъи зиндонҳои Тоҷикистон, бо шумули вуҷуди шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва маҳдудиятҳои зиндониён, мақомоти ин ниҳод, ки ин ҳамаро инкор мекунанд, ба хабарнигорон иҷозат доданд, ки бо авзоъ аз наздик ошно шаванд.

Хабарнигорони радиои "Озодӣ", Мирзонабии Холиқзод ва Барот Юсуфӣ, аз диду боздид ва мушоҳидаҳои худ ин гуна қисса мекунанд.

Иззатулло Шарифов
Бо ворид шудани рӯзноманигорон ба зиндонҳо ба назар мерасид, ки тамоми даричаву дарвозаҳои зиндонҳо ба рӯи хабарнигорон кушода буд.

Нозирони зиндонҳо ба мо мегуфтанд, ин бори аввал аст, ки гурӯҳи калони хабарнигорон бо ҷиҳози аккосиву видеокамера ва диктафону дигар васоили журналистӣ аз вазъи зиндону маҳбусон огоҳ мешаванд.

ХАБАРНИГОРОН ДАР ҲАР ГӮШАИ ЗИНДОН...

Мо аз ошхонаву масҷид ва меҳмонхонаву ҷои мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон ва аз китобхонаву корхонаи кӯчаки иcтеҳсоли хишти зиндонҳо аз гармхонаву идораи оташнишон ва аз фермаи хукпарварии онҳо тақрибан бо набзи рӯзонаи зиндагии маҳбусонро эҳсос мекардем ва бо худи маҳбусҳо дар бораи зиндагиву шароити зисти онҳо ҳамсӯҳбат мешудем.

Вақте, ки ба меҳмонхонаи зиндони рақами аввали пойтахт ворид шудем, дари чанд утоқ баста буд. Иззатуло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар ин утоқҳо маҳбусон бо наздиконашон мулоқот доранд.

Яке аз маҳбусоне дар дохил буд берун омад ва ба саволҳои мо посух дод: "Нисбат ба панҷ шаш соли пеш ҳоло шароити маҳбас хуб аст, латтукӯб, бадрафторӣ нест. Хӯрданио кофист. Боз хешовандонамон меоранд, хулоса ҳама шароит хуб аст. Ҳар вақте ки хоҳиш кардам оилаамро иҷозаи мулоқот медиҳанд."

Аммо вақте, ки мо ба ошхонаи маҳбусон ворид шудем, дар феҳрасти ғизоҳо танҳо шавла ва шӯрбо навишта шуда буд.

"ОЗОДОНА СӮҲБАТ КУНЕД"

Генерал Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки шахсан журналистонро ҳамроҳӣ менамуд, таъкид мекард, ки метавонед озодона бо маҳбусҳо сӯҳбат кунед ва ҳангоме, ки мо сӯҳбат мекардем, таваҷҷӯҳ намекард, ки журналистҳо чӣ саволҳоро матраҳ мекунанд.

Вай иҷозат дод, ки бо маҳбусоне, ки ба ҳалқаҳои мухталифи сиёсию ғайрисиёсии Тоҷикистон пайванд доранд, кушоду рӯшан мулоқот кунем.

Дар зиндони рақами аввал, намояндаҳои собиқ Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик ва афроди полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев, аъзои Ҳизбуттаҳрир ва гурӯҳҳои дигар дар паси панҷара мебошанд.

"ДАР ОЗОДӢ БУДАНИ МО БА МАНФИАТИ ҶОМЕА АСТ"

Собиқ фармондеҳи нерӯҳои опозитсиюни тоҷик Садриддин Тошев, ки бо лақаби «Қорӣ» маъруф аст, мегӯяд. ки ҳоло мушкили онҳо шароити зисти маҳбасҳо нест, онҳо ҳукми додгоҳ дар нисбати амале, ки кардаанд ноодилона мешуморанд ва мехоҳанд, ки ба парвандаҳояшон таҳдид назар карда шавад: "Муддати 10 соле, ки дар зиндон ҳастем, талаби аслӣ аз мақомоти ҳукумат ин аст, ки ба бо ширкати намояндаҳои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар парвандаҳои мо дубора баррасӣ карда шавад ва мувофиқ ба амале, ки кардаем ҷазо диҳанд. Намояндаҳои собиқ опозитсиюне, ки дар инҷо ҳастанд аслан ба авф шомил карда намешаванд. Ман бо ин ҷазои беш аз 20 соле, ки гирифтаам комилан норозӣ мебошам. Дар озодӣ будани мо, ба манфиати ҷомеа бештар фоида мерасад, аз ин ки зарар. Шумо чеҳраи маро дида истодаед, ки ба одами латукӯб шуда ва ё гуруснаву ташна монанд нестам, ҳамин худ шароити зиндонро нишон медиҳад. Мақсади мо баррасии дубораи парвандаҳоямон мебошад."

Дар зиндоне, ки мо ба он даъват шуда будем, фармондеҳи дигари собиқ мухолифини пешин Иброҳим Ёрибеков , ки бо лақаби «Шайх» шинохта мебошад мегӯяд, ки аз тарафи як кумиссюни Сомони Милали Мутаҳид номае дарёфт кардааст, ки имкон дорад парвандааш таҷдиди назар шавад: "Фазли худо аз тарафи СММ хабарам доданд, ки ба парвандаи ман аз нав нигоҳ хоҳанд кард, вале ҳоло натиҷа чӣ хоҳад шуд, намедонам. Пас аз се моҳ 7 соли давраи ҷазоро пур мешавад ҳамагӣ 22 сол додаанд. Лекин маро пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 2004 боздошт карданду ҳукм доданд."
Маҳбусон дар бораи шароити зиндон бо хабарнигорон сӯҳбат мекарданд...

АФРОДИ САРҲАНГИ ИСЁНГАР ДАР ЗИНДОН

Чанд нафар афроди Маҳмуд Худойбердиев низ дар ин зиндон давраи ҷазои худро паси сар мекарданд. Яке аз онҳо гуфт, ки дар соли 1998 вақте, ки Маҳмуд Худойбердиев вориди шаҳри Хуҷанд шуд, фиреби полковникро хӯрда бо ӯ пайвастааст. Вай мегӯяд, ки аз рӯи нодонӣ ба ин амал даст задааст.Ба қавли вай, ҳоло ҳудуди 60 нафар тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Генерал Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, қадам ба қадам журналистонро ҳамроҳӣ мекард ва ҳамеша ишора мекард, ки ба шароити зисти маҳбусҳо таваҷҷуҳ шавад.

БОБОНАЗАРОВА ХАБАРНИГОРОНРО ҲАМРОҲ АСТ...

Дар ин сафар ҳуқуқдони тоҷик Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони «Перспектива+» плюс ҳамроҳи хабарнигорон ҳузур дошт. Ва яке аз сабабҳои дигари ба маҳбсаҳо роҳ ёфтани журналистон мақолаҳои танқидии хонум Бобоназарова буд.

Инро Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон махсус таъкид кард ва рӯи мизии кории ӯ мақолаи Ойниҳол Бобоназарова меистод.

Аз Ойниҳол Бобоназарова пурсидам, ки назари, эшон дар робита ба вазъи зиндонҳо чӣ гунааст: «Бояд бигӯям, ки дар соли 2005 аз зиндонҳо аз ҷумла зиндони занонаи Норак дидан карда будам. Аз муасисаи ислоҳии рақами аввал, аз ин ҷо ҳам хабар гирифта будам бовар кунед, вақте ки ба утоқи мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон даромада будам, аз бадбӯии онҷо тоқат карда натавониста зуд берун шуда будам, ҳоло шароит зиндонҳо дигар шудааст. Ва беҳтар шудааст.»

Ахиран Омбудсмени Тоҷикистон Зариф Ализода аз маҳбаси шаҳри Хуҷанд низ дидан карда буд.

Қарор аст, ки дар ҳафтаи оянда гурӯҳи журналистон ба хотири ошноӣ бо вазъу шароити маҳбусҳо, ба зиндони занона воқеъ ба Норак даъват карда шаванд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG