Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи ҷумъа дар Санъо, пойтахти Яман, дар маросими дафни ҷаноза 50 нафаре, ки дар ҷараёни хушунатҳои ахир аз сӯи нирӯҳои содиқ ба раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ кушта шуданд, ҳазорон нафар ширкат кардаанд. Фаъолон мегӯянд, ин афрод тайи чанд рӯзи гузашта зимни даргириҳо бо нирӯҳои содиқ ба раҳбари қабилаи Ҳашид ё бар асари ҳамлаҳо болои тазоҳургароне, ки алайҳи 32 соли ҳукумати Солеҳ эътироз доранд, ҷон бохтаанд. Нирӯҳои давлатӣ субҳи ҷумъа низ алайҳи тазоҳургарон дар Санъо оташ кушодаанд. Шоҳидон мегӯянд, ин нирӯҳо болои манзили раҳбари як қабилаи чирикӣ низ мушак андохтаанд. Аз оғози эътирозҳои Яман дар моҳи январ беш аз 350 нафар дар ин кишвари фақири ошӯбзада кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG