Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди хабарнигорон аз 2 зиндони Душанбе


Эҳзори маҳбусони зиндони рақами 1 ба сӯҳбати хабарнигорон
Эҳзори маҳбусони зиндони рақами 1 ба сӯҳбати хабарнигорон
Рӯзи ҷумъаи 3 июн бо ибтикори Иззаттулоҳ Шарифов, раҳбари раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, як гурӯҳи хабарнигорон барои бори нахуст аз 2 зиндони воқеъ дар Душанбе дидан карданд. Ба хабарнигорон дар маҳбасҳои рақами 1 ва 7 ҳатто имкони мулоқот бо ҷангиёни собиқи мухолифин, пайравони Маҳмуд Худойбердиев ва маҳбусоне, ки бо ҷурми узвият дар гурӯҳҳои мазҳабие, чун Ҳизби Таҳрир, ҳукми зиндон гирифтаанд, дода шуд. Иззатуллоҳ Шарифов гуфт, ҳадаф аз боз кардани дари зиндонҳо мусоидат ба ошноии бештари матбуот бо вазъи маҳбасҳост. Феълан дар маҳбасҳои Тоҷикистон беш аз 10 000 нафар адои ҳукм мекунад.
XS
SM
MD
LG