Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии самбои Осиё, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, дар рӯзи аввали рақобатҳо 6 медал ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Узбакистон миёни мардону занон ва навҷавонон дар ду навъи гуштӣ - самбои варзишӣ ва самбои ҷангӣ ё размӣ сурат гирифтааст. Дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон Фурқат Назриев дар вазни то 90 килограмм бо медали тилло мукофотонида шуд. Акмалиддин Каримов дар вазни то 52 кг медали нуқра гирифт. Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар сабқати занон Дилбархон Султонова, Муҳаббат Надирматова ва Насиба Алиматова бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Ҳоло сабқати ҷавонон идома дорад.”

Мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Узбакистон, инчунин, аз рӯи самбои размӣ доир хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG