Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, баъди марҳалаи севуми мусобиқоти ҷаҳонии даъвати гурандозӣ бо 230 имтиёз миёни мардон дар ҷойи аввал аст.

Татяна Лисенкои русиягӣ бо 210 имтиёз миёни занон мақоми аввалро касб кардааст.

Давраи чаҳоруми мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ ин сабқати “Ёдбуди Знаменскийҳо” мебошад, ки рӯзҳои 2-юму 3-юми июл дар шаҳри Жуковскийи Русия баргузор хоҳад шуд.

БОКС. Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани тоҷик, дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар вазни ниммиёна дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар рақибаш Евгений Фёдорови латвиягӣ пирӯз шуд.

Пас аз анҷоми 8 раунд ҳамаи доварон муштзани тоҷикро ғолиб донистанд. Ин ғалабаи 14-уми Шералӣ Маҳмадалиеви 30-сола дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ мебошад. Вай танҳо дар як қувваозмоӣ аз рақибаш Алексей Евченкои русиягӣ шикаст хӯрдааст.

КАРАТЭ-КЁКУШИНКАЙ. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушода барои дарёфти Ҷоми Аврупо дар риштаи каратэ-кёкушинкай миёни наврасони то 18-сола дар Фаронса 11 медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз 14 кишвар ширкат дошт. Алишер Раҳматуллоев ва Орзуҷон Дониёров бо медалҳои тилло, Сироҷиддин Ҷалилов, Ҷовид Икромов ва Шерзоди Саъдулло бо медалҳои нуқра ва шаш нафари дигар бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

ҶАНГИ ТАН БА ТАН. Дар шаҳри Қайроққум нахустин мусобиқаи қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар риштаи ҷанги тан ба тан бо ширкати беш аз 70 варзишгар баргузор шуд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Қазоқистон мақоми аввалро касб кард. Дастаи Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуввум гардид. Тими Қирғизистон севум шуд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгари тоҷик Азизҷон Рӯзиев дар вазни 65 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Корбулат Ҷекшенови қазоқ ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гардид.

ПАУЭРЛИФТИНГ. Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ бо пирӯзии мизбонон - варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Дар ин мусобиқа беш аз 50 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав ширкат доштанд. Қурбоналӣ Муҳибов қаҳрамони мутлақи пауэрлифтинги Тоҷикистон гардид.

Толеъ Холназаров, раиси Федератсияи бодибилдинг ва пауэрлифтинг Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи якшанбеи 5-уми июн дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ барпо мегардад.

ВАРЗИШИ САБУК. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии варзишҳои майдонӣ барои ҷавоизи Татяна Колпакова, қаҳрамони Олимпиадаи Маскав, ки рӯзҳои 4-уму 5-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ба ин мусобиқа варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон даъват шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон Далерҷони Ҳайдар, Меҳрубон Шамсиддинов, Сотиболдӣ Ҳаитов, Азиз Гулов, Ҷаҳонгир Ҳамроев, Гулноза Алиқулова, Влада Овчаренко ва Сайёд Зайниддинов дохиланд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG