Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Амрико низ дар бораи дастикам 3 мавриди гирифторӣ ба бактерияи кушандаи ахиран дар Аврупо кашфшудаи E.coli хабар расид. Бовар меравад, ки ҳарсе зимни сафар ба Олмон – маркази шуйюъи ин бактерия- гирифтор шудаанд. Дар Аврупо ҳудуди 1500 мавриди ибтило ба ин бемории сироятии дарунрав сабт шуда, алакай 18 нафар – 17 тан дар Олмон ва якеи дигар дар Шветсия - аз ин беморӣ даргузаштаанд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ангезандаи беморӣ як бактерияи то ҳол ноошност. Табибон ҳанӯз манбаъи шуйюъи маризиро ошкор накардаанд, вале бовар меравад, ки манбаъ сабзавот бошад. Русия дар пай воридоти сабзавот аз Иттиҳодияи Аврупоро манъ кард. Олмон ибтидо бодирингҳои Испанияро манбаъи ин маризӣ номид, ки боиси коҳиши башиддати фурӯши он дар бозор шуд. Мадрид гуфтааст, аз Олмон товони хисороташро талаб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG