Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Младич иттиҳомоти додгоҳи Ҳейгро напазируфт


Младич дар додгоҳи Ҳейг
Младич дар додгоҳи Ҳейг
Фармондеҳи нирӯҳои серб дар солҳои ҷанги Босния генерал Ратко Младич дар додгоҳи Ҳейг иттиҳомоти воридаро эътироф накард. Ин додгоҳи СММ Младичро ба даст доштан дар наслкушӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият дар ҷанги солҳои 1992-1995 дар Босния, аз ҷумла дар қатли 8000 марду навраси мусалмони Сребренитса дар соли 1995 - хунинтарин мавриди қатли омм дар Аврупо баъди ҷанги дуввуми ҷаҳон- айбдор мекунад. Младич, ки имрӯз барои нахустин бор ба додгоҳи Ҳейг эҳзор шуд, гуфт: «Ман аз мардуми худ ва аз кишвари худ дифоъ мекардам, на аз Ратко Младич.»
Ратко Младич, ки 16 сол дар ҳоли фирор ба сар мебурд, ҳафтае пеш дар Сербистон боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG