Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ҳалокати Саҳобиро маҳкум кард


Ҳола Саҳобӣ

Ҳола Саҳобӣ

Вазорати хориҷаи Амрико ҳалокати фаъоли эронӣ Ҳола Саҳобии 54-сола дар маросими дафни падарашро маҳкум кард ва гуфт, марги ӯ натиҷаи «аъмоли носазо»-и нирӯҳои амниятист. Ҳола Саҳобӣ, ки дар пайи эътирозҳои пасоинтихоботии соли 2009 зиндонӣ шуда буд, рӯзи чоршанбе ба хотири видоъ бо ҷанозаи падари низ дигарандешаш Иззаттулоҳ Саҳобӣ барои як рӯз раҳо ёфт, вале дар маросими дафн аз по уфтод. Матбуоти давлатии Эрон гуфт, ки ӯ бар асари сактаи қалб даргузаштааст. Аммо сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер марги Ҳола Саҳобиро "қатл" номид ва хостори таҳқиқи мустақили қазия шуд.
XS
SM
MD
LG