Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқбол ба дуредгари филлиппинӣ 8 миллион $ овард


Як дуредгари 60-сола, ки ҳеҷ кадоме аз 6 фарзандаш ба иллати фақр мактаб намерафт, дуввумин ҷоизаи бузург дар таърихи лотореяҳои Филлиппинро ба даст овардааст. Ба гуфтаи масъулони лотореяи хайрияи Филлиппин, ин дуредгар, ки ба ҳайси посбони рустояш низ кор мекард, рӯзи панҷшанбе дар лоторея 8 миллиону 270 ҳазор доллар бурдааст. Ҷозеф Муего, намояндаи ин ширкати қимор гуфт, миллионери хушиқбол ба муҷарради дарёфти ин маблағ бо аҳли хонаводааш рустоеро, ки ба сар мебурд, тарк кардааст. Дар Филлиппин, ки чаҳоряки ҷамъияти 94-миллионннафариаш бо даромади камтар аз 1 доллар дар рӯз ба сар мебарад, як василаи аслии дилхушӣ ва умед ба зиндагии беҳтар ҳамин лотореяҳост.
XS
SM
MD
LG