Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин эҳзори Младич ба додгоҳи Ҳейг


Младич дар додгоҳи Ҳейг

Младич дар додгоҳи Ҳейг

Фармондеҳи нирӯҳои серб дар солҳои ҷанги Босния генерал Ратко Младич имрӯз барои нахустин бор ба додгоҳи Ҳейг эҳзор шуд. Ин додгоҳи СММ Младичро ба 11 мавриди наслкушӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият дар ин ҷанги солҳои 1992-1995, аз ҷумла ба фармоиши қатли 8000 марду навраси мусалмони Среренитса дар соли 1995 - хунинтарин мавриди қатли омм дар Аврупо баъди ҷанги дуввуми ҷаҳон- айбдор мекунад. Младич имрӯз дар Ҳейг ҳуввияти худро эътироф кард ва гуфт, генерал Младич аст. САДО
Ратко Младич баъди 16 соли фирор, дар ҳафтаи гузашта дар Сербистон боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG