Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон расман ба Конфедеросиюни футболи Осиё(AFC) барои ҳаққи мизбонии марҳалаи ниҳоии мусобиқоти имсола барои Ҷоми раиси AFC дархост додааст. Ислом Мамадшоев, ёвари дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба ҳафтаномаи “Варзиш –Спорт” гуфтааст, онҳо дар пайи ба марҳалаи ниҳоии ин сабқат роҳ ёфтани “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, муддаии мизбонии Ҷоми имсола шудаанд. Ин мусобиқот, қарор аст, моҳи сентябр баргузор шавад. Ба ғайри “Истиқлол”, ба марҳалаи ниҳоии ин Ҷом ҳамчунин тимҳои Туркманистону Қирғизистон, мянмару Камбоҷа ва Тайван роҳхат гирифтаанд. Ҷоми раиси AFC сабқати махсуси кишварҳои дар бозии футбол заифи Осиёст, ки ба мусобиқаҳои асосии ин қора роҳ наёфтаанд.
XS
SM
MD
LG