Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯйхати раҳбарони худкома


Расонаҳои ғарбӣ бори дигар аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «диктатор” ном бурданд.

Шабакаи "Си-би-эс Нюс" -CBS News-и Амрико дар силсила барномаи таҳқиқотии худ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар қатори 31 раҳбари кишварҳои ҷаҳон ба унвони диктатори дерпо ё дарозумр ёд кардааст.

Ин силсила дар чанд қисмат дар шабакаи телевизонии мазкур дар ҳоли нашр аст ва қисмати вобаста ба Тоҷикистони ин барнома як рӯзи қабл ба намоиш даромадааст.

МАҲДУДИЯТИ ФАЪОЛИЯТҲОИ СИЁСӢ

Масъулони шабакаи телевизонии CBS News гуфтаанд, ки тарҳи диктаторҳои дарозумри ҷаҳон баъди силсилаи инқилобҳои арабӣ ба манзури посух гирифтан ба суоли нишонаҳои бадтарин диктатор чӣ аст, рӯи кор омадааст.

Дар ин силсила аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раҳбаре ёд шудааст, ки 19 сол ба ин сӯ умури ҳукумат дар Тоҷикистонро ба сурати мутлақ дар даст дорад.Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон маҳдудияти фаъолиятҳои сиёсӣ, тазъиқу азият тавассути нерӯҳои амниятӣ ва шиканҷаи зиндониён, маҳудияти озодиҳои мазҳабӣ ва матбуот мушоҳида мешавад.

Ин гузориш меафзояд, ки пас аз як сӯиқасди ноком ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 дар Хуҷанд, боздошти хушунатбори афрод мушоҳида шудааст.

Ин шабакаи телевизонӣ ба нақл аз гузориши Викилиск мегӯяд, ки Раҳмон ва хонаводаи ӯ тиҷорати умдаи кишвар, ба шумули бузургтарин бонкҳоро дар ихтиёр доранд ва ба ҳар василае мехоҳанд ва омодаанд ин манфиати худро ҳифз кунанд.

"МЕЪЁРҲОИ ҒАРБ ҚОБИЛИ ПАЗИРИШ НЕСТ"

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров, муовини мудири Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, меъёрҳое, ки дар Ғарб бар асоси онҳо раиси ҷумҳури Тоҷикистонро диктатор унвон кардаанд, барои Тоҷикистон қобили пазириш нестанд. Ва бо ин меъёрҳо раиси ҷумҳурро дар Тоҷикистон намешавад диктатор гуфт.

Ӯ мегӯяд: «Дар Тоҷикистон президенти кишвари мо як шахси маҳбуб ҳисоб мешавад. Ва ман бовар дорам, ки агар як раъйпурсии умумиро эълон кунем ва пурсем, ки Раҳмон чӣ нақше дорад дар миллатсозиву давлатсозиву сулҳофарӣ ва рушди иқтисод, ӯ боз ҳам дар ҷои аввал хоҳад буд. Бинобар ин ман ба андешаи онҳое, ки дар Ғарб истода нисбати раҳбари давлати мо ҳарф мезананд, албатта розӣ шуда наметавонам. Ва бо онҳо баҳс мекунам ва исбот мекунам, ки ин ғалат аст.»

"АЛОМАТҲОИ ХУДКОМАГӢ ВУҶУД ДОРАД"

Аммо Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, муҳимтарин ташаккули сиёсии мухолифи давлат мегӯяд, дар воқеъ аломат ва далелҳое, ки бар асоси он созмонҳои ғарбӣ битавонанд чунин баҳоеро ба раиси ҷуҳумури Тоҷикистон бидиҳанд, вуҷуд дорад.

Ӯ мегӯяд: «Дар кишварҳои пасошурвӣ то андозае низомҳои диктаторӣ ва авторитарӣ ҳукмрон ҳаст. Ва ба хотири чӣ авторитарӣ, ба хотири он, ки дар ин кишварҳо
Маҳмадалӣ Ҳайит, аз ҲНИТ
танҳо як нафар тақдири давлату миллату кишварро ҳал мекунад ва дигар ниҳодҳо дар зоҳир вуҷуд доранд, аммо дар амал фармони ҳамон нафарро иҷро мекунанд. Яъне се шохаи ҳокимият аслан мустақилият надоранд. Ва агарчанд мо дар қонун давлати демократӣ эълон шудаем, аммо дар асл як режими авторитарӣ ё худкомаро доро мебошем. Зеро нишонае аз демократия, аз ҷумла интихоботи озоду шаффоф надорем.»

МЕЪЁРИ ХУДКОМАГӢ ЧИСТ?

Дар харитае аз ҷаҳон, ки шабакаи CBS News нашр кардааст, 31 кишвари олам бо ранги сабз ишора шуда, ки бо ангушт гузоштан ба рӯи ҳар кадоме аз он, номи ба қавли ин шабака раҳбари худкомаи он кишвар, нақшаи он падид хоҳад омад.

Дар ин нақша аз Александр Лукашенко, муттафиқи Русия, то раҳбари Арабистони Саудӣ малик Абдулло, шарики Амрико ва Алии Хоманаӣ, душмани сарсахти Амрикоро метавон дид. Аз ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримовро низ метавон дар ин қатор дид.

Муаллифони CBS News дар сайти интернетии ин шабака навиштаанд, афроди мазкур бар асоси қоидаи пазируфташудаи истилоҳи “диктатор” - касе, ки бидуни ба эътибор гирифтани қонун ба кишвар раҳбарӣ мекунад ва “диктатори золим” касе бо хушунат амал ва идора мекунад, омода шудааст.
XS
SM
MD
LG