Пайвандҳои дастрасӣ

Пузиши вазири пешин бино бар нақшаш дар рӯйдодҳои Уш


Вазири пешини умури дохилии Қирғизистон барои заъфи хеш дар пешгирӣ аз даргириҳои соли гузаштаи байни қирғизҳо ва узбактаборон дар ҷануби Қирғистон маъзарат хост. Болот Шер дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон ҳамчунин аз мандати депутатӣ ва унвони ҳарбии генерал-лейтенант даст кашид. Изҳороти Шер дар ҷараёни баррасии гузориши вакилони маҷлис дар робита ба рӯйдодҳои хунини Уш ва Ҷалолобод дар ҳоле садо дод, ки вакилон асосан ҳукумати президенти барканоршуда Қурманбек Боқиевро сабабгори даргириҳо номида, аз нақши ҳукумати муваққати Роза Отунбоева дар он давра дар гузориш чизе нагуфтаанд. Дар рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тан бенишон шудаанд
XS
SM
MD
LG