Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шохиси эътибори бонкҳои амрикоӣ коҳиш меёбад


Хадамоти сармоягузории “Мудӣ” гуфтааст, шохиси эътибори Бонки Амрико, Ситигруп ва “Велс Фарго”-ро баррасӣ мекунад ва эҳтимолан ин шохис коҳиш дода шавад. Қаблан ширкати эътиборсанҷ ин бонкҳоро мавриди эътимоди тақрибан қавӣ дониста буд, аммо мегӯяд, он шохис дар ҳоле дода шуд, ки ҳукумати Амрико даст ба пуштибонии ин бонкҳо зад. Бунгоҳ мегӯяд, барои давраи феълӣ он шохис зиёда аз ҳад шумурда мешавад. Арзёбиҳои Хадамоти сармоягузории “Мудӣ” ба эътибори бонкҳо ва ширкатҳо таъсири амиқ дорад.
XS
SM
MD
LG