Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА Туркманистонро ба бунёди ҷомеаи маданӣ даъват кард


Вазири умури хориҷии Литва, Аудрониус Ажбулис, ки кишвараш раёсати давраии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро дар ӯҳда дорад, дар сафари ба Туркманистон аз мақомоти ин кишвар хост, монеа ва маҳдудиятҳои марбут ба номнависи созмонҳои ғайридавлатиро бекор кунанд. Ажбулис гуфт, бидуни ҳамкории байни ҳукумат ва фаъолон бунёди мардумсолорӣ дар Туркманистон ғайримумкин аст. Дар Туркманистон созмонҳои воқеии ғайридавлатӣ вуҷуд надоранд ва ҳукумат аз ҳама гуна озодандешию мухолифат ҷилавгирӣ мекунад. Ҳамзамон Ажбулис аз раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои кӯмак дар эътидоли вазъи Афғонистон сипосгузорӣ кард. Туркманистон ба Афғонистони ҳамсояаш маводи сӯхт ва нерӯи барқ медиҳад.
XS
SM
MD
LG