Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Андрис Берзинши 66-сола, бонкдори собиқ ва сиёсатмадори имрӯза дар интихоботи президентии Латвия баранда шуд. Ин пирӯзӣ ба ӯ бо касби аксарияти одии 53 раъй дар порлумони 100-нафарӣ даст дод. Интизор мерафт, президенти феълӣ Валдис Затлерс ғалаба кунад, вале ӯ дар арафаи интихобот хостори пароканда кардани порлумон шуд. Вай аъзои порлумонро айбдор кард, ки ба кофтукови манзили як сиёсатмадори бонуфуз, ки дар ришват ва сирқати бузург айбдор мешавад, мумониат карданд. Назархоҳии умумии лақви порлумон 23-юми июл баргузор хоҳад шуд, вале аъзои феълии он зоҳиран аз Затлерс интиқом гирифтанд.
XS
SM
MD
LG