Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар гирдбодҳои Амрико 523 нафар кушта шудаанд


Маркази миллии ҳавошиносии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, соли 2011 барои ин кишвар соли марговартарин тӯфонҳо аз 1936 ба ин сӯ будааст. Бино бар арқоми расмӣ имсол аз тӯфон ё гирдбодҳо дар Иёлоти Муттаҳида 523 нафар кушта шудаанд. Пурқурбонитарин соли тӯфонҳои Амрико 1925 буда, 794 кушта ба ҷой гузоштааст. Дар соли 1936 дар тундбодҳои Амрико 552 нафар ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG