Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод сарпарасти вазорати нафти Эронро таъин кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод баъд аз мухолифати шадиди порлумон ба номзадии худаш дар мақоми вазири нафт, шарики сиёсияш Муҳаммади Алиободиро сарпарасти вазорати нафти Эрон таъин кард. Алиободӣ дар гузашта раиси Кумитаи миллии олимпии Эрон ва ноиби президент дар умури тарбияи ҷисмонӣ ва сардори созмони моҳипарварӣ будааст. Маҷлиси Ҷумҳурии Исломӣ талоши ишғоли мақоми вазири нафтро аз тарафи Аҳмадинажод хилофи қонуни асосӣ номид ва ба қувваи адлияи кишвар муроҷиат кард.
XS
SM
MD
LG