Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ёвари наздики бин Лодин дар шимоли Афғонистон


Паймони Атлантики Шимолӣ хабар дод, ки як масъули аршади Ал-Қоида ва ёвари пешини Усома бин Лодин дар шимоли Афғонистон боздошт шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, эҳтимол меравад, шахси боздоштшуда дар соли 2001 ҳамроҳи бин Лодин будааст. Бин Лодин, раҳбари Ал-Қоида дар як ҳамлаи нерӯҳои вижаи Амрико рӯзи 2-юми май дар Покистон кушта шуд. НАТО ном ва миллияти бозодштшударо эълон накардааст ва танҳо гуфта мешавад, ки он дар як амалиёт дар минтақаи Наҳри Шоҳӣ дар шимоли вилояти Балх ба даст афтод. Ҳамчунин дар шимоли Афғонистон як сарбози олмонӣ кушта ва панҷ нафари дигар замхӣ шудаанд. Як сарбози лаҳистонӣ дар даргирие дар вилояти Ғазнӣ ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG