Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазияи рахна дар Гуглро FBI пажӯҳиш мекунад


Чин иттиҳоми ширкати Гуглро, ки гуфтааст, ҳукумати Чин аз дуздони интернетӣ ҳимоят мекунад, “бепоя” номид ва рад кард. Изҳороти Гугл дар ҳоле садо дод, ки гуфта мешпавад, дуздони интернетӣ ба почтаи электронии даҳҳо мақоми баландпояи ҳукумати Амрико, ҳарбиён ва хабарнигорони амрикоӣ ворид шудаанд. Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Дафтари федероли пажӯҳиш ё FBIпарвандаи таҳқиқи ин воқеаро боз кардааст.

“Иттиҳомот хеле ҷиддист. Мо онро ҷиддӣ мегирем. Мо онро меомӯзем ва аз он ҷо ки пажӯҳиш идома дорад, ман аввалан ба Гугл муроҷиат мекунам, ки ҳама гуна ҷузъиёти мумкинро дар миён гузорад ва Дафтари федероли пажӯҳиш ин таҳқиқро анҷом хоҳад дод.”

Хабаргузориҳо мегӯянд, эҳтимол меравад, рахнагарони интернетӣ ба иттилои маҳрамонаи Иёлоти Муттаҳида даст ёфта бошанд.
XS
SM
MD
LG